Дар Душанбе вобаста ба таъмини муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ бо кадрҳои илмӣ конфронс баргузор гардид

Июнь 7, 2024 14:41

ДУШАНБЕ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Вазъ ва дурнамои таъмини муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ бо кадрҳои илмӣ» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вазъи кунунии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ, таъминоти кадрӣ,  ҳифзи иҷтимоии кормандони илмии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қурбонов изҳор намуд, ки вазъ ва дурнамои таъмини муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ бо кадрҳои илмӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми меҳвариро соҳиб мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқотҳояшон бо кормандони соҳаи илму маориф таъкид менамоянд, ки инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ татбиқи пайвастаи илм бо истеҳсолот ва кадрҳои соҳибтахассусу забондон дар шароити замони имрӯза хеле муҳиму зарур аст.

Таъкид гардид, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, Ҳукумати мамлакат барои тарбияи мутахассисони ҳирфаӣ ва баландихтисоси касбӣ мунтазам барномаҳои муосиру ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалиро амалӣ менамояд, ки ин тақозои замони муосир аст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар мамлакат қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. То замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд. Яъне дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст.

Дар ҳамоиш баён гардид, ки дар ҷумҳурӣ вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯ набуда, инчунин ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва якчанд илми дигар то ҳол ниёз дорем.

Маърузачиён оид ба масъалаҳои арзёбии вазъ ва тамоюлҳои рушди соҳаҳои илму маориф, ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар шароити имрӯза, ҳифз ва рушди неруи илмӣ дар мамлакат, арзёбии сатҳи бархӯрдории сиёсати гендерӣ дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар соҳаи таҳсил, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар самти таъмини кадрҳои илмӣ дар  муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2024 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад