Дар Хоруғ таҳти унвони «Модару бонувони ваҳдатсаро» ҳамоиш доир гардид

Июнь 15, 2024 08:39

ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Модару бонувони ваҳдатсаро» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он нақши занон дар арсаи сиёсат ва хизмати давлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ҳамагонро ба арҷгузорӣ ба Ваҳдати миллӣ даъват намуда, иброз дошт, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятро барои фаъолияти ҳамаҷонибаи занону модарон фароҳам овардааст. Маҳз бо ҳидоятҳои Пешвои миллат занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи сиёсат ва хизмати давлатӣ роҳ ёфта, дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат, шахсан Президенти Тоҷикистон ба сарнавишти занону духтарон, зиндагӣ ва кору таҳсили онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ҳамеша нақши занонро дар тарбияи насли наврас, таълиму тарбия, рушди мактабу маориф, илму фановарӣ ва давлату давлатдорӣ таъкид менамоянд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба занону духтарон ва собиқадорон туҳфаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ тақдим карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Июнь 15, 2024 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад