Дар Хуҷанд мусобиқаи шаҳрии футбол барои Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни дастаҳои ғайрикасбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.
Бо мақсади иҷрои дастури Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ даври шаҳрии мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии маҳаллаҳо гузаронида шуда, ғолиби ҷойи аввали мусобиқа- дастаи «Шапарак» барои иштирок ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт.
Дар ҷамъбасти даври шаҳрии мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, мудири шуъбаи ҷавонони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.
Дар ҳамоиши ҷоизасупорӣ гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш ва рушди намудҳои гуногуни он хосса аст. Дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ бозгӯи он аст, ки аз ҷониби Давлату Ҳукумати мамлакат ба пешрафти соҳа эътибори хоса зоҳир мегардад.
Ба ғолиби мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд Ҷом ва ба дигар иштирокчиёни мусобиқа туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






