Дар Москва ҷаласаи навбатии Шурои машваратии роҳбарони хадамотҳои консулии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид

Июнь 21, 2024 13:24

ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар шаҳри Москва ҷаласаи XXXI Шурои машваратии роҳбарони хадамотҳои консулии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия.

Дар нишасти мазкур намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба ҳайси нозир Озарбойҷон ва Туркманистон низ иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа тибқи рӯзнома масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҷонибҳо дар доираи Конвенсияи Вена дар бораи робитаҳои консулӣ аз 18 апрели соли 1963 ва Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар масъалаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 7 октябри соли 2002 ва конвенсияҳои дуҷонибаи консулӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз натиҷаи нишаст Пртоколи ҷаласаи XXXI-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамотҳои консулии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия

Июнь 21, 2024 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид