Рустами Эмомалӣ дар мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии СААД бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев иштирок намуданд

Июнь 3, 2024 13:32

ДУШАНБЕ, 03.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбати самимӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев паёму таманниёти гарму самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, ба талошҳои ҷониби Қазоқистон дар давраи раёсати он дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баҳои баланд доданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳои аъзо дар доираи Ассамблеяи Парламентӣ ба таъмини самаранокии Созмон дар ҳама самтҳои фаъолияти он мусоидат хоҳад намуд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2024 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд