Дар шаҳри Хоруғ 120 нақлиёти мусофирбари таксӣ ба фаъолият шуруъ кард

Июнь 22, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон, меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ 120 нақлиёти мусофирбари таксӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ медиҳад.

Аз 120 нақлиёти мусофирбар, 60 адад ба ширкати хизматрасонии нақлиётии таксии 1111 ва 60 адад ба ширкати хизматрасонии нақлиётии таксии 3333 тааллуқ дошта, 4 ададашро мошинҳои барқӣ ташкил медиҳад. Инчунин аз ҷониби соҳибкорони шаҳр ду нуқтаи хизматрасонии электромобилҳо ба истифода дода шуд.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода зимни шиносоӣ бо нуқтаи хизматрасонии электромобилҳо иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гузаштан ба энергияи «сабз» ва ҳифзи табиати Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ чунин нуқтаҳо ташкил ва шумораи мошинҳои барқӣ зиёд карда мешавад.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Июнь 22, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд