Дар Женева масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди сармоягузории Швейтсария барои бозорҳои рушдёбанда баррасӣ гардид

Июнь 19, 2024 09:24

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Раиси Фонди сармоягузории Швейтсария барои бозорҳои рушдёбанда (SIFEM) Йорг Фриден баргузор гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкорӣ  байни Тоҷикистон ва Фонди сармоягузории Швейтсария барои бозорҳои рушдёбанда (SIFEM)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Июнь 19, 2024 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд