Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» мегузаронанд

Июнь 15, 2024 14:41

ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Як қатор донишҷӯёни факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ  аз 10 то 24 июн дар Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» таҷрибаомӯзии истеҳсолиро гузаронида, донишҳои назариявии азхуднамудаи худро дар истеҳсолот татбиқ менамоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар медиҳад, донишҷӯён дар раванди таҷрибаомӯзӣ бо ҷараёни истеҳсолот, озмоишгоҳҳо, таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва тартиби кори корхона шинос шуда, малакаи касбӣ ва донишҳои амалии худро тақвият хоҳанд дод.

Бояд гуфт, ки пайвасти илм бо истеҳсолот, густариши ҳамкорӣ бо корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ – хизматрасонӣ ва дар ин замина татбиқи Барномаи таҳсилоти дуалӣ ба натиҷаи раванди таълим таъсири мусбӣ расонида, дар рушди касбият ва тафаккури техникии донишҷӯён саҳми муносиб мегузорад. Бо ин мақсад раёсати донишгоҳ бо ширкатҳои ватанӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамкориро тақвият дода, барои кушодани филиали кафедраҳо дар истеҳсолот, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо ва дарсҳои озмоишӣ-амалӣ шартномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст.

Мавриди ёдоварист, ки  Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи энергетика ва тавлиди неруи барқи дохилӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Дар ин росто саҳми хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ки муассисаи заминавии омодакунии кадрҳои баландихтисоси соҳаи муҳандисӣ мебошад, дар рушди энергетикаи мамлакат назаррас мебошад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Июнь 15, 2024 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст