«ГАР ШИНОВАР НЕСТӢ, ПО БАР ЛАБИ ДАРЁ НАМОН!». Бо оғоз гардидани мавсими оббозӣ аллакай 52 нафар ғарқ гардидаанд
ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. То оғози моҳи июни имсол дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо 52 нафар ғарқ шудаанд, ки 21 нафарашон то 17-сола мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ доданд.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модаронро даъват менамояд, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд.
Бояд гуфт, ки бо фаро расидани фасли тобистон дар соҳили кӯлу дарёҳо ва обанборҳои мамлакат мавсими оббозӣ шуруъ мегардад. Агар оббозӣ ба саломатии инсон фоидаовар бошад, аммо беназоратӣ ва беаҳамиятии наврасон боиси ғарқшавӣ ва ба ҳалокат расидани онҳо мегардад. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, ҳамасола бештари наврасон дар вақти оббозӣ бинобар надонистани қоидаҳои он ғарқ мегарданд. Инчунин дар бештари маврид бархе ноболиғон аз бемасъулиятии волидайн истифода бурда, ба кӯчагардӣ, махсусан ба оббозӣ дар оби пур аз хошоку макони хатарнок машғул мешаванд, ки ин амали онҳо метавонад боиси гирифторӣ ба бемориҳои гуногун ва ғарқшавиашон гардад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои таъмини амнияту бехатарӣ дар об ба шаҳрвандон қоидаҳои зерини бехатариро пешниҳод менамояд, то наврасон ҳангоми оббозӣ онҳоро бояд риоя кунанд:
— барои дар об ғарқ нашудан бояд маҳорати хуби шиноварӣ дошт;
— ҳангоми шиноварӣ аз соҳил дур набояд рафт, чунки дар мавриди аз соҳил дур шудан қуввати шиновар кам гашта, маҷоли бозгашт намеёбад ва ногаҳон ба таҳлука меафтад;
— танҳо баъди 1,5 — 2 соати ғизо хӯрдан метавон оббозӣ кард;
— то назди заврақҳои муҳаррикдошта шино накунед, чунки ҳангоми наздик шудани заврақ сатҳи об боло меравад ва баъди гузашта рафтани он сатҳи об якбора паст шуда, метавонад боиси ғарқшавии шахс гардад;
— дар ҷойҳое, ки обсабзаҳо мерӯянд, набояд шино кард, чунки хатари ба онҳо печидан ва дар гирдоб ғарқ шудан пайдо мегардад;
— набояд баъди дар офтоб гарм шудан ва ё сардии об ба он ворид шуд;
— дар ҳолати мастӣ вориди об нашавед;
— дар об саргарми ҳар гуна бозиҳо нашавед, ки дасту пои шуморо аз ҳаракат медоранд ва ҳаракати шуморо маҳдуд мекунанд;
— ба кӯдакон ҳатман оббозӣ омӯзонед ва ҳангоми дар наздикии об будан онҳоро беназорат нагузоред;
— агар ҳарорати бадани шумо боло ё поин бошад, оббозӣ кардан мумкин нест, зеро ин оқибати нохуб дошта, дар об дар чунин ҳолат мондан хатарнок аст;
— дар ҷойҳои ношинос оббозӣ накунед;
— дар ҷойҳое, ки оббозиро манъ кардаанд ва аломатҳо гузошта шудаанд, ҳаргиз оббозӣ накунед;
— агар шумо шиноварӣ карда наметавонед ва нохост вориди об шудед, дар об рӯболо бихобед, дастонатонро ба ду тараф кушоед, метавонед чуқур-чуқур ва тез-тез нафас кашед;
— дар ҳолати амудӣ дар дохили об будан, пойҳоятонро тавре ба ҳаракат дароред, ки гӯё шумо дар дучарха педал мезанед;
— агар хаста шудед, пас пуштнокӣ хобида, дар рӯи об истироҳат кунед, барои ин бозувон ва пойҳоятонро ҷафс накунед, бо сар дар об хобед ва истироҳат намоед;
— агар шумо хунук хӯрда бошед, дасту пойҳоятонро бо навбат ҷунбонида, гарм шавед ва чун замоне мегузарад, дубора ба самти соҳил ҳаракат кунед;
— агар шумо дар ҷараёни об мондед, ба таври диагоналӣ ба самти соҳили наздик ҳаракат кунед;
Хамчунин барои пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар байни аҳолӣ, лагерҳои истироҳатӣ, истироҳатгоҳҳо бояд пайваста корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва суҳбатҳо гузаронида шаванд. Инчунин дар назди соҳили кӯлу дарёҳо ва обанборҳо овезаҳои махсус барои пешгирӣ аз ғарқшавӣ бояд насб гарданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






