Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






