ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт ҷаласа доир гардид

Июнь 23, 2024 17:07

ДУШАНБЕ, 23.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласа  таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода доир гардид.

Дар ҷаласа Ашӯрбой Солеҳзода иброз намуд, ки барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар мамлакат, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, пайдоиши заминаҳо ва ё барномаҳои нави телефонӣ, беҳтар гардидани хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ва дигар қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тасвиб расида, дар доираи онҳо як қатор тадбирҳои мушаххас ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст.

Таъкид гардид, ки бо мақсади тезонидани суръати рушди иқтисоди мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи технологияҳои рақамӣ ва дарёфти манбаъҳои иловагии рушд «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардида, ҷиҳати амалинамоии тадбирҳои пешбинигардидаи ин барнома, барасии мавзуи мазкур муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Дар ин раванд,  намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вобаста ба корҳои анҷомдодашуда бо мақсади рушди иқтисоди рақамӣ, бахусус вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самт тариқи рӯнамо гузориш доданд.

Дар баррасии масъалаи рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аъзои Ситод муҳокимаронӣ ва таклифҳо пешниҳод карданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2024 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад