Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин: «Мо аз Президенти Тоҷикистон баҳри даъвати иштирок дар конфронси об миннатдорем»
ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро, ки барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ брифинг баргузор гардид.
Петро Паролин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои даъват бобати иштирок дар конфронси об изҳори миннатдорӣ намуд.
«Ин сафари мо як навъ идомаи мантиқии сафари Президенти Тоҷикистон дар моҳи апрели имсол ба Ватикан мебошад, ки дар ҷараёни он мо тавонистем масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намоем. Дар ин вохӯрӣ барои таҳким ва таъмиқи ҳамкорӣ байни Ватикан ва Тоҷикистон изҳори умед карда шуд», — изҳор намуд Петро Паролин.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Ватикан метавонанд гуфтушунидро барои беҳсозии мушкилоти глобалӣ, алалхусус мушкилоти экологӣ, ҳамчунин дигар хатарҳои ҷаҳони муосирро низ беҳтар намоянд.
«Дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, хусусан баимзорасонии Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Бойгонии китобхонаи Ватикан баҳри амалисозии таҳқиқоти дуҷониба баррасӣ гардид»,-баён намуд дар охир Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Ин ташаббуси бузурги глобалӣ барои сайёраи бехатар мебошад
Ташаббуси оламшумули Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳ ҷонибдорӣ ёфт
Қабули пешниҳоди навбатии Тоҷикистон аз ҷониби СММ рӯйдоди муҳимми фараҳбахш мебошад
Дар Донишгоҳи миллӣ аз саҳми намоёни Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба муносибати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон гузашти идона доир шуд
Дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ» ҳамоиш доир шуд
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРУ СУЛҲПАРВАР — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин хусус
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад






