Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид: «Ба замине, ки ба шарофати он зиндагӣ мекунем, мисли ваҳшӣ муносибат дорем»

Июнь 30, 2024 13:22

ДУШАНБЕ, 30.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Некӯаҳволии миллиардҳо одамон аз ҳолати замине, ки ҳаёти онҳоро таъмин мекунад ва воситаи зинда буданашон мебошад,  вобаста мебошад. Аммо одамон ба замин мисли ваҳшиҳо бераҳмона муносибат мекунанд.  Дар натиҷа, дар ҳар як сония замини баробар ба чор майдони футбол аз истифода берун мешавад. Чунин изҳор кард Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар паёми худ ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза ба муқобили биёбоншавӣ ва хушксолӣ, — иттилоъ медиҳад АМИТ бо истинод ба сомонаи «Хабарҳои Созмони Милали Муттаҳид».

Мавзуи имсолаи Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза ба муқобили биёбоншавӣ ва хушксолӣ моро ҳушдор медиҳад, ки баҳри ҳифзи манфиатҳои замин бо ҳам бошем.

«Ҳукуматҳо, доираҳои расмӣ ва илмӣ, иттиҳодияҳо ва дигар ҷонибҳоро зарур аст кӯшишҳои худро якҷоя карда, амал кунанд», – даъват кардааст Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Антониу Гутерриш.

Ӯ таъкид кардааст, ки Қарори Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди биёбоншавии замин, ки 30 сол қабл қабул шудааст, дастурест барои амалҳои якҷоя дар ҳалли мушкилоти мазкур.

Зимнан, биёбоншавӣ, корношоям шудани замин ва хушксолӣ яке аз мушкилоти ҷиддии экологии замони муосир мебошад. Аллакай беш аз 40 фоизи захираҳои замин дар рӯи ҷаҳон корношоям дониста мешавад.

Замини коршоям ба инсоният на танҳо 95 фоизи маҳсулоти хӯрокворӣ медиҳад, ҳамчунин одамонро мепӯшонад, ба онҳо паногоҳ медиҳад, кор медиҳад, барои онҳо василаи зинда мондан мебошад, инсонҳоро аз хушксолӣ, обхезӣ, сӯхтори ҷангалзор ҳимоя мекунад.  Дар баробари ҳамин афзудани нуфуси аҳолӣ дар ҳамбастагӣ бо истеҳсолоти ноустувор талаботро ба захираҳои табиӣ бештар намудааст. Ин дар навбати худ ба замин сарбории аз ҳад фузун оварда, боиси корношоям гардидани он шудааст. Биёбоншавӣ ва хушксолӣ боиси рӯ овардани миллионҳо одамон ба муҳоҷирати иҷборӣ мегардад, ки дар пайи худ оқибатҳои ногувор дорад.

Аз 8 миллиард сокинони сайёра зиёда аз як миллиард ҷавонони то 25-сола дар мамлакатҳои тараққикунанда, асосан дар минтақаҳое, ки ҳаёт аз захираҳои замин вобастагӣ дорад, зиндагӣ мекунанд.

Таъсис додани ҷойҳои корӣ барои сокинони деҳот — қарори дуруст мебошад. Зеро он ба ҷавонон имкон медиҳад, ки аз имкониятҳои соҳибкории экологӣ ва таҷрибаи пешқадам истифода баранд.

Дар ояндаи наздик идораи оқилонаи замин, ки аз қимматтарин захираҳои инсоният мебошад таваҷҷуҳи боз ҳам бештарро ба худ ҷалб мекунад. Зеро замин субот ва рушди миллиардҳо одамонро дар рӯи замин таъмин мекунад.

АКС аз бойгонӣ. Котиби генералии Созмони Миллали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳангоми боздид аз Приараля, соли 2017

Июнь 30, 2024 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд