Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Баъзе аз шаҳрвандон қоидаҳои бехатариву амниятро риоя намекунанд»

Июнь 25, 2024 20:00

ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар бораи 23 ва 24 июн дар баъзе митақаҳои мамлакат номусоид шудани ҳаво ва боқӣ мондани эҳтимоли сар задани сел ҳушдор дода, ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда тавсия дод, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш, моҳидорӣ ва нигоҳубини чорво дар саҳро худдорӣ кунанд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, бо вуҷуди чандин маротиба огоҳ намудани сокинон, мутаассифона, на ҳамеша аз ҷониби шаҳрвандон қоидаҳои бехатариву амният ба инобат гирифта мешавад.

Ҳамин беъэтиборӣ буд, ки 23 июни соли равон ​​ду сокини деҳаи Солмолидашти Ҷамоати деҳоти «Тоҷикистон»-и ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, ки 18 ва 20 сол доштанд, дар ҳавои боронӣ барои ҷамъоварии ғизои чорво ба саҳро рафта , дучори барқзанӣ шуданд ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Инчунин дар ин рӯз дар деҳаҳои Панҷрӯд, Шашқад ва Артучи Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент сел роҳи байни деҳаҳоро баст. Мутаассифона, ҳангоми кӯшиши убур аз сел, як сокини 22-солаи деҳаи Шашқади Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ба ҳалокат расидааст. Ҷасад пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. Дар ин мавзеъҳо кори бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ бо истифода аз техникаи вазнини муҳандисӣ идома дорад.

Кумита ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, сокинони мамлакатро пайваста даъват менамояд, ки дар ин рӯзҳо сари вақт селроҳаҳо, ҷӯйю каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза намуда, эҳтиёт бошанд.

23 июн дар шаҳри Панҷакент, ноҳияи Лахш, дар деҳаи Ёл, Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ноҳияи Шаҳристон борони шадид сабаби омадани селҳо шуд.

Бар асари сел қитъаи наздиҳавлигии сокинон ва роҳи байни деҳаҳо осеб диданд. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техника ва кормандони хадамоти роҳи ноҳия ҷалб карда шудааст.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд