МАРДУМИ ТОҶИК БА АМАЛҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АРҶ МЕГУЗОРАД. Андешаҳои директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳо дар ин маврид
ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мо, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадорем, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибватаниро ба ҷо оварда, баҳри истиқболи сазовори ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар раванди корҳои созандагию ободонӣ фаъолона иштирок намуда, барои аз имрӯза зеботар гардонидани сарзамини аҷдодиамон саҳми арзанда гузорем. Имрӯз зарур аст, ки ҳувияту худшиносии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба ҷузъҳои муҳимтарину таркибии андешаи миллии мардуми мо табдил дода шаванд. Чунин изҳори назар кардааст директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нозим Маҳмадизода дар мақолааш, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Номбурда дар идомаи мақола чунин изҳори андеша кардааст:
— Ваҳдат заминаи муҳимми ҳамбастагӣ, дӯстию рафоқат ва эҳтироми тарафайн байни минтақаҳои Тоҷикистони ягонаро фароҳам овард. Танҳо бо шарофати ваҳдати миллӣ миллати тоҷик ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги бою ғанӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохтанд ва эҳтиром карданд.
Ваҳдати миллӣ эҳёгари асли фарҳангӣ, маънавӣ ва сиёсии миллати тоҷик мебошад. Маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва зери таъсири он худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдатсолории миллати тоҷик аз нав авҷ гирифт ва дар ин раванд моро ба зинаҳои нисбатан баланди тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ мувоҷеҳ гардонид.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву руҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ман ин суханонро ҳамеша бо ифтихор аз мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоварам».
Воқеан, муттаҳид шудан атрофи сиёсати созандаю ободкоронаи Пешвои миллат баҳри ободию гулгулшукуфои Ватани азизамон Тоҷикистон ваҳдати воқеии миллат мебошад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти фаровони моливу ҷонӣ дида, аркони иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд, дар сароғози даврони навини таърихии давлатдории хеш ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Ин давра чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ буд, ки бар асоси сабақҳои андӯхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада, ҷомеаи моро ба сӯи созандагиву бунёкорӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид.
Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ноил гаштааст. Аммо, душманон ва бадхоҳони миллати тоҷик дар фикри ноором кардани суботи давлати мо буда, кӯшиш намуда истодаанд, ки таввасути дасисаю буҳтон ва назарфиребии сиёсӣ суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиро халалдор намоянд. Ба масъалаи дасисабозиҳои душманони ваҳдати миллӣ дар мамлакат ишора карда, Пешвои миллат иброз медоранд, ки «сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд. Дар ин раванд, дар хотир бояд дошт, ки хоинону бадхоҳони давлату миллати мо – онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафс кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд, ҳанӯз ҳам аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем».
Омили дигаре, ки ба ваҳдати миллӣ хатар эҷод мекунад – зуҳури ифротгароии динӣ-сиёсӣ, терроризм ва тундгароӣ байни ҷавонон мебошад. Чунончи солҳои охир падидаи экстремизм ва бунёдгароии мазҳабӣ ҷаҳонро ба даҳшат овардааст.
Ин падидаи номатлуб ба мисли ҷинояткории муташаккил ба ягон миллат ва дин робитае надорад ва ҷонибдорони он ба андешаҳои зиддибашарӣ ва зиддидинии гурӯҳҳои худкома ва дур аз маърифати инсонӣ такя мекунанд.
Фарзандони далеру фарзонаи Тоҷикистон, ки аз гирдоби балои экстремизм ва оташи бунёдгароии мазҳабӣ бо хиради азалии миллат ва роҳнамоии пешвои худ раҳоӣ ёфтааст, имрӯз дар таҳкими бештари сулҳу Ваҳдат талошҳо ба харҷ медиҳанд. Месазад, ки хатарҳои болозикрро дар сатҳи заурии илмӣ таҳқиқ карда, роҳҳои мубориза ва пешгирии ин зуҳуротҳои номатлубро коркард ва пешниҳод намоем. Ҷомеаи тоҷикистонӣ ва махсусан, насли ҷавони он дар марҳилаи кунунии тараққиёти мамлакат, атрофи сиёсати ваҳдатофари Пешвои миллат муттаҳид гашта, бо хатари паҳншавии экстремизм, терроризм, гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ ва ифротишавии шуури ҷавонон мубориза мебаранд. Ҷавононро дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намудан аз вазифаҳои мост, то ки онҳо хатарҳо ва таззодҳои равандҳои сиёсии ҷаҳони муосирро дарк намуда, бар зидди онҳо истодагарӣ карда тавонанд. Вобаста ба ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: «вазифаи бисёр муҳимми мақомоти давлатӣ, олимону зиёиён, аҳли адаб ва кормандони воситаҳои ахбори умум, падару модарон ва тамоми ҷомеа дар ин самт тарбия кардани насли худогоҳу худшинос, содиқ ба миллату давлати худ ва ватандӯсту ватанпараст мебошад».
Пешвои миллат шахсияти таърихист, ки бо ҷонталошиҳояш Тоҷикистон ва миллати тоҷикро аз нестӣ раҳонид ва миллатро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уфуқҳои нави тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ расонида, давлати моро ҳамчун мамлакати амн дар сатҳи сайёра муаррифӣ намуданд. Оид ба ин масъала Президенти феълии Русия Владимир Путин иброз менамояд: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои ӯ шаҳодати он мебошанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар мамлакатҳои ба низоъ дучор гашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо ба шумор меравад».
Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон меъмори ваҳдат ва сулҳи тоҷикон аст. Мардуми сулҳпарвару адолатхоҳи ҷумҳурӣ хизматҳои бузургу шоистаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамарӯзу ҳамасоат мебинанд, мушоҳида мекунанд ва ба номи шарифу амалҳои мондагорашон арҷ мегузоранд.
Месазад, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳи миллат, хизматҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр карда, атрофи сиёсати созандаю инсонмеҳвари Пешвои миллат муттаҳид гардад ва баҳри ободонию гулгулшукуфои Ватани азизамон — Тоҷикистон хизмати худро дареғ надорад.
Бояд дар хотир дорем, ки заминаи тамоми дастовардҳои миллати мо дар ваҳдат аст. Аз ин рӯ, ҳар як аъзои ҷомеаи тоҷик бояд муҳиммияти ваҳдатро дарк намуда, баҳри пойдории он талош варзад, то Тоҷикистон ҳама вақт ҳамчун як мамлакати амну босубот боқӣ монад.
АКС: АМИТ «Ховар»