Моҳи майи имсол дар Тоҷикистон 256 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи табиӣ сабт шудааст

Июнь 4, 2024 16:43

ДУШАНБЕ, 04.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 26 май дар қаламрави ҷумҳурӣ 256 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи табиӣ сабт шуда, тибқи санадҳои аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо пешниҳодшуда ҳаҷми зарар зиёда аз 44 миллион сомониро ташкил медиҳад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бар асари офатҳои табиӣ, ки рӯзҳои 5, 10, 17, 18 ва 25 май дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон рух доданд, 25 манзил осеб дида, 15 хона пурра вайрон шуд.

Ҳамчунин аз офатҳои табиӣ бинои 6 муассисаи таълимии миёна ва томактабӣ, 260 км роҳҳои мошингард, 27 пул, 15,2 км хатҳои интиқоли барқ, 0,8 км хатҳои алоқа, 87,7 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 92,6 км хатҳои обрасон ва наҳрҳо (каналҳо), 14,7 км селпартоҳо, 2 км шабакаҳои обрасон ва обу корез, 10 пойгоҳи обкашию иншооти гидротехникӣ ва 1076 гектар заминҳои кишоварзӣ зарар дидаанд.

Дар натиҷаи ин офатҳои табиӣ 137 сар чорвои калон, 501 сар чорвои майда, 62 паранда, 160 оилаи занбӯр нобуд шуда, ба 26 ҳавзи моҳипарварӣ зарар расид.

Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади амалӣ намудани корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба шаҳру навоҳии зарардида 157 ҳазору 70 литр сӯзишвории дизелӣ (солярка), 290 тонна семент, 10100 метри мураббаъ тӯри габионовӣ, 7 тонна арматура, 6700 метр сим ва 10 тонна сими оҳании d-3,5 мм фиристода шуд. Инчунин ба хотири таъмини амнияти аҳолӣ дар рӯзҳои эҳтимол доштани омадани сел 5550 нафар аз минтақаҳои хавфнок муваққатан ба макони амн кӯчонида шуданд.

Бо супориши Сарвари мамлакат аз ҷониби Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат ба аҳолии осебдида маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки шабонарӯзи наздик бар асари боронҳои пуршиддат дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд сел пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд (Варзоб, Лучоб, Элок, Ромит, Харангон), вуҷуд дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандони  хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ба соҳили дарёҳо барои моҳидорӣ ё истироҳату оббозӣ нараванд.

Аз сокинони манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ хоҳиш мешавад, ки аз рафтан ба доманакӯҳҳо ба хотири ҷамъоварии гиёҳҳои дорувор ва ҳезум худдорӣ намоянд.

Бо мақсади пешгирии даромадани сел ба хонаву ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт сокинон бояд пешакӣ селроҳаҳо, каналҳо ва ҷӯйҳоро аз ҳар гуна хасу партов ва сангу шағал тоза кунанд.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 4, 2024 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид