Намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуданд
ДУШАНБЕ,24.06.2024/АМИТ «Ховар»/. 23 июн намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин- иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав», ки имрӯз дар Душанбе оғоз гардид, бо Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати имконияти истеҳсоли неруи барқи обии аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон дар ҷои намоён қарор дошта, дар ҳолати истифодаи пурраи чунин имконият метавонад ба яке аз истеҳсолкунандагони пешсафи «энергияи сабз» табдил гардад.
Инчунин ба меҳмонон доир ба таърихи бунёди сохтмони ин неругоҳ маълумоти муфассал дода шуд.
Ҳамзамон меҳмонон боду ҳаво ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистонро тавсиф намуда, иброз доштанд, ки муҳити экологии Тоҷикистон ба онҳо сахт писанд омадааст ва онҳо талош доранд, ки бо истифода аз фурсати муносиб манзараҳои зебои Тоҷикистонро тамошо намоянд.
Дар фарҷом директори Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланжоу, профессор Чжу Юнбяо ва ҳамроҳонаш ҳавасмандии давлаташонро барои тақвияти бештари ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои иқтисоди сабз, энергетика, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои вобаста ба об дар чаҳорчӯби созишномаҳои қаблан ба тасвибрасида муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






