Намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуданд

Июнь 24, 2024 08:41

ДУШАНБЕ,24.06.2024/АМИТ «Ховар»/. 23 июн намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин- иштирокдорони  Конфронси байналмилалии  «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав», ки имрӯз дар Душанбе оғоз гардид, бо Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати имконияти истеҳсоли неруи барқи обии аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон дар ҷои намоён  қарор дошта, дар ҳолати истифодаи пурраи чунин имконият метавонад ба яке аз истеҳсолкунандагони пешсафи  «энергияи сабз» табдил гардад.

Инчунин ба меҳмонон доир ба  таърихи бунёди сохтмони ин неругоҳ маълумоти муфассал дода шуд.

Ҳамзамон меҳмонон боду ҳаво ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистонро тавсиф намуда, иброз доштанд, ки муҳити экологии Тоҷикистон ба онҳо сахт писанд омадааст ва онҳо талош доранд, ки бо истифода аз фурсати муносиб  манзараҳои зебои Тоҷикистонро  тамошо  намоянд.

Дар фарҷом директори Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланжоу, профессор Чжу Юнбяо ва ҳамроҳонаш ҳавасмандии давлаташонро барои тақвияти бештари ҳамкорӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои иқтисоди сабз, энергетика, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои вобаста ба об дар чаҳорчӯби созишномаҳои қаблан ба тасвибрасида муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2024 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд