Одри Азуле: «Мо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем»

Июнь 11, 2024 15:11

ДУШАНБЕ, 11.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои арзёбӣ ва баҳодиҳии 476 пирях, ки ҳолати обшавии онҳо ҳуҷҷатгузорӣ шудааст, тадбир меандешем. Чунин изҳор дошт Мудири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Одри Азуле имрӯз зимни суханронӣ дар Конференсияи сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028».

Одри Азуле ҳамзамон ҷонибдорияшро бобати гузаронидани даврҳои омӯзишӣ дар самти тағйирёбии иқлим баён намуда, гуфт, ки дар ин самт кор мебаранд.

«Мо ба ҷониби Тоҷикистон барои уҳдадориҳо ва ташаббусҳои нек дар соҳаи обу пиряхҳо, аз ҷумла баргузории Конференсияи сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, изҳори сипос мегӯем ва аз тамоми давлатҳои аъзо даъват менамоем, ки дар ҳамбастагӣ фаъол бошанд» , — гуфт номбурда.

Ёдовар мешавем, ки дар ин лаҳзаҳо Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» идома дорад ва дар инъикоси ин чорабинии муҳим беш аз 300 нафар намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ фаъолона иштирок доранд.

Дар ифтитоҳи конференсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмони минтақавию байналмилалӣ иштирок доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд