Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 11, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.

“Тоҷикистон саҳми Созмони Милали Муттаҳид ва “Рӯзномаи 2030”-и онро дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва мушкилоти ҷаҳони муосир муҳим медонад” изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз сатҳи ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҳама ниҳодҳои он изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмон дар самти дастрасӣ ба нерӯи устувор, рушди кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ зарур шумурда шуд.

Нақши Комиссия дар иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 назаррас арзёбӣ гардид.

Дар ин зимн дар доираи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳамлу нақли бисёрҷанба, рушди инфрасохтори он ва таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ амри муҳим дониста шуд.

Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, низоми зеҳнии нақлиётӣ ва тағйирёбии иқлим аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана 11.06.2024

Июнь 11, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд