Пешвои миллат: «Қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд»

Июнь 15, 2024 13:03

ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд ва дар масъалаи таъмини аҳли оилаи онҳо мушкилие вуҷуд надорад», — хотирнишон намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки қурбонӣ кардан барои ҳамаи муъминон шарт ва ҳатмӣ нест ва анҷом додани ин амал ба қудрату тавоноии ҳар шахс вобаста мебошад.
Тавре Пешвои миллат дар идома таъкид намуданд, дар ояти 286-уми сураи «Бақара»-и Қуръони маҷид зикр шудааст, ки «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноияш воҷиб намекунад».

«Онҳое, ки ойини қурбониро анҷом медиҳанд, бояд қурбониро, дар навбати аввал, ба хоҳару бародар ва хешовандони ниёзманди худ, оилаҳои камбизоат, дигар шахсони эҳтиёҷманд ва ҳамсояҳо диҳанд», — иброз намуданд Президенти мамлакат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 15, 2024 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад