Президенти Тоҷикистон аз тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар пажуҳишгоҳҳо ва марказҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ изҳори нигаронӣ намуданд

Июнь 1, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 01.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мо ҳамасола ба ҳисоби миёна беш аз 10 000 ҷавононро барои азхудкунии илму донишҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи мамолики дигар мефиристем ва ҳоло шумораи умумии онҳо беш аз 40 000 нафарро ташкил медиҳад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 май дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат таъкид намуданд.

Сарвари давлат афзуданд, ки санҷиши вазъи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Пажуҳишгоҳи математикаи Академияи миллии илмҳо муайян намуд, ки аз соли 2018 то соли 2023 дар ин муассиса 18 нафар ба докторантура аз рӯйи ихтисос аз ҳисоби буҷет ва 1 нафар ба таври шартномавӣ қабул карда шудааст. Вале аз шумораи умумии хатмкардагон танҳо 2 докторант рисолаи илмиӣ ҳимоя кардааст. Сабаби дар муҳлати муайяншуда ҳимоя нагардидани рисолаҳои илмӣ, агар аз як тараф, ба таври самаранок фаъолият накардани худи докторантҳо бошад, аз ҷониби дигар, бемасъулиятии роҳбарони илмии онҳо мебошад.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар ин самт ҳолатҳои суиистифода аз вазифа низ ҷой доранд. Аз 19 докторанти қабулгардида роҳбарии 8 нафари онҳоро собиқ директори Пажуҳишгоҳи математика ба зимма гирифтааст, вале ягон нафари онҳо рисолаи илмияшро ҳимоя накардааст.

Чунин муносибат нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар дигар пажуҳишгоҳҳо ва марказҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ низ дида мешавад. Масалан, дар Пажуҳишгоҳи чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзӣ аз соли 2019 то имрӯз 16 докторант аз рӯйи ихтисос аз ҳисоби буҷет қабул карда шудааст. Аммо то имрӯз ягон нафар рисолаи илмияшро ҳимоя накардааст.

Инчунин Пешвои миллат бо изҳори нигаронӣ иброз намуданд, ки дар даҳ соли охир ба Пажуҳишгоҳи масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи Академияи илмҳои кишоварзӣ 28 аспирант ва 10 унвонҷӯ қабул гардидааст. Лекин дар ин муддат аз 38 нафар ҳамагӣ 3 нафар рисолаи илмӣ ҳимоя кардааст, ки ташвишовар мебошад. Дар Пажуҳишгоҳи хокшиносӣ дар даҳ соли охир 13 докторант аз рӯйи ихтисос қабул шудааст, вале то ҳол ягон нафар рисолаи илмияшро ҳимоя накардааст. Ин гуна хунукназарӣ нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ метавонад дар оянда оқибатҳои бисёр ногувор, аз ҷумла паст гардидани сатҳи маърифатро дар байни ҷомеа ба миён оварад.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «маблағҳои буҷет беҳисобу беохир ва беназорат нестанд. Бинобар ин, аз роҳбарони муассисаҳо ва роҳбарони илмӣ қатъиян талаб менамоям, ки ба фориғболиву бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигар ва рақобати носолим байни муассисаҳои илмии мамлакат ҳарчи зудтар хотима бахшанд».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
28 январ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Моҳи феврал лоиҳаи қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад
ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМӢ. Соли равон корҳои насби таҷҳизот ва такмили қисми техникӣ оғоз мегарданд
МАРКАЗИ ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ ТОҶИК. Рисолати ин марказ аз чӣ иборат аст?
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
Пагоҳ дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар телевизионҳои Тоҷикистон 145 лоиҳа ва барномаи нав таҳия ва пахш гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соҳаи ҳайкалтарошӣ ва муҷассамасозӣ рушд меёбад
Дар Душанбе оид ба рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ машғулият баргузор гардид
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
26 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд