Раиси Маҷлиси намояндагон бо сокинону кишоварзони ноҳияи Рашт мулоқот намуд

Июнь 7, 2024 08:44

РАШТ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии Рашт сафари корӣ анҷом дод,  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо фаъолон ва кишоварзони ноҳияи Рашт вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Дар оғози суҳбат Маҳмадтоир Зокирзода салому паёми самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро ба мардум расонд. Сипас дар мавзуъҳои ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои мардуми мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли миллӣ сухан гуфт.

Маҳмадтоир Зокирзода бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ, аз ҷумла кишти картошка ва зироати кишоварзӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз намуд, ки мардуми и ноҳияи Рашт заҳмату талошҳо, кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ карда, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллатро чун ҳарвақта сармашқи кор менамоянд.

Онҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои олии пешгирифтаи давлати азизамон пайваста меҳнату талош намуда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми сазовор мегузоранд.

   АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Июнь 7, 2024 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид