РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар конфронси сатҳи баланди оби Душанбе қариб 2000 сиёсатмадорон, коршиносону олимон аз саросари ҷаҳон ҷамъ меоянд

Июнь 8, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 13 июни имсол дар шаҳри Душанбе дар доираи «Раванди оби Душанбе» Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад. Раванди оби Душанбе бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тавассути баргузории силсилаконфронсҳо ҳар ду сол як маротиба аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид гузаронида мешавад. Ҳамраисҳои конфронс Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд.

Ба иттилои сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ, барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, парламентарҳо, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳавзаи дарёву кӯлҳо, занон, ҷавонон ва ташкилоти кӯдакона даъват гардидаанд.

«Имрӯз мо тасдиқи иштироки аъзои Президиуми Босния ва Ҳерсеговина Зелка Свиянович, Сарвазири Габон Раймонд Ндонг Сима, ноиби сарони давлатҳои Зимбабве, Замбия ва Ангола, муовинони сарвазири Ватикан ва Узбекистон, муовинони спикерҳои Малайзия ва Қазоқистон, ҳамчунин вазирон, муовинони вазирон ва дигаронро гирифтем», афзуд Шоҳин Самадӣ.

Ҳамчунин намояндаи Вазорати корҳои хориҷии мамлакат таъкид намуд, ки дар ин чорабинии сатҳи баланд иштироки муовинони дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва роҳбарони бисёр созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти муқаддамотии ин манбаъ, дар конфронс то 2000 намоянда иштирок менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи конфронс иштирокдорони ин чорабинии сатҳи баланд имкон доранд бо намоишгоҳи «Нигоҳи нав ба арзиши об» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» ва бо иқтидори истеҳсолию саноатии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Истиқлол» шинос шаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Котиботи конфронси Раванди оби Душанбе

 

Июнь 8, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон