РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали об ва пиряхҳо баргузор шуд

Июнь 10, 2024 22:00

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» нахустин маротиба Фестивали об ва пиряхҳо-ҷашни обу пиряхҳо ҳамчун асоси зиндагӣ, некӯаҳволӣ, шукуфоӣ ва рушди устувор баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Фестивал аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 10 то 13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад,  ташкил гардид.

Тавре таъкид шуд, мақсад аз баргузории Фестивали «Об ва пиряхҳо» баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи арзиши об ҳамчун манбаи ҳаётан муҳим ва пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ, инчунин зарурати нигоҳубин ва ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда мебошад. Фестивал дар баробари паёмҳои мусбат  мушкилоту монеаҳои мавҷуда дар ин самт ва зарурати ҷалби кӯшишҳоро барои рафъи онҳо нишон медиҳад.

Фестивали об ва пиряхҳо ҳамчунин барои нишон додани сиёсат ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки барои инсоният дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рафъи камбуди об дар сайёра муҳим ва саривақтӣ буда, яке аз муҳимтарин дастовардҳои мамлакати мо дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад, равона гардидааст.

Фестивали об ва пиряхҳо аз чанд ҷузъ иборат буд. Барномаи фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва эҷодиёти мардумӣ, намоишгоҳи таомҳои миллии тоҷикӣ, намоишгоҳи навъҳои гуногуни оби нӯшокӣ, барномаи консертӣ бо иштироки устодони ҳунари мамлакат, намоиши мӯди либоси миллии тоҷикӣ ва ғайраро дар бар мегирифт.

Фестивал ба меҳмонон ва иштирокчиёни конфронс имкони хуб фароҳам овард, ки бо аксу ангораҳои муаррификунандаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешоҳанги ҷаҳонӣ дар масоили обу пиряхҳо ва иқлим, имконияти гидроэнергетикӣ ва истеҳсоли «энергияи сабз»,  таърих, фарҳанг, санъат ва  анъанаҳои мардуми тоҷик шинос шаванд ва ҳамзамон шоми гуворо ва ҷолиб дошта бошанд.

Пайрав ҚОСИМ,

Тоҳирҷон САИД (АКС)

АМИТ “Ховар”

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд