Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода: «Ягона омили муассири ҳаёти осоишта ва рӯзгори равшану босаодат ваҳдат ва сулҳу ҳамдилӣ мебошад»

Июнь 26, 2024 14:54

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 27-уми июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу тантана таҷлил мешавад, ки яке аз нишонаҳои арҷгузории сулҳ дар қаламрави Тоҷикистони азиз ва арҷгузорӣ ба ин арзиши волои миллиямон мебошад.

Ваҳдати миллӣ дар баҳои ҷонбозиҳову талошҳои шабонарӯзӣ ба даст омадааст. Бешубҳа, ваҳдат бузургтарин арзиши миллии тоҷикон аст ва заминаи мустаҳкамест барои рушду пешрафти рӯзафзуни давлатамон. Ба шарофати сарҷамъиву зери як ливои муқаддас ҷамъ омадан, сол ба сол дастовардҳои муҳими сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию маънавии мо афзунтар мегарданд ва рӯзгори мардумамон беҳбуд меёбад.

27 июни соли 1997 рӯзест, ки дар таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, зеро ин рӯз барои рушди минбаъдаи сарзамини мо асоси воқеӣ гузошт. Марҳилаи нави зиндагиро дар диёри хушманзари мо оғоз намуд ва мардуми шарифи тоҷикро аз вартаи ҳалокат ва хориву залилӣ берун кашида, ба водии сарсабзи саодату рушд овард. Бинобар ин, агар мо Истиқлоли давлатиро нахустбинои мустаҳками давлатдории миллӣ шуморем, пас меарзад, ки ваҳдати миллиро ба сутунҳои устувори ин кохи бегазанд монанд кунем, зеро бидуни ваҳдати миллӣ, бе сарҷамъиву ҳамдилӣ бақои давлату миллатро наметавон тасаввур кард.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷанги таҳмилӣ ҷомеа хору зор ва мулк валангор гардид, ҳамватанон то чи дараҷа муҳим ва тақдирсоз будани сулҳу ваҳдати миллиро эҳсос карданд ва дарёфтанд, ки ягона омили муассири ҳаёти осоишта ва рӯзгори равшану босаодат ваҳдат ва сулҳу ҳамдилӣ будааст.

Дар раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ кардани мардум дар атрофи як ҳадафу ормон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ доштанд ва ҳамчун Сарвари дурандешу оянданигар тамоми неруву талоши худро барои расидан ба ваҳдату ҳамдилии ҷомеаи он вақт парокандаи тоҷик равона карданд. Дар ин ҷода монеаҳо кам набуданд, ҷоннисориву шуҷоати хоса лозим буд. Пешвои муаззами миллатамон бо камоли шуҷоату дурандешӣ ҳама монеаҳоро бартараф намуда, ҷомеаро ба ормони деринааш расониданд.

Баъди истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, тамоми дунё эътироф кард, ки ин таҷрибаи сулҳ камназир аст ва намунаи хубест барои дигар мамлакатҳои даргир. Бешак, таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Пешвои муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун намунаи нодири сулҳофаринӣ эътироф гардид. Пешвои миллат барҳақ дар он даврон гуфта буданд: «Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».

Ҳақиқати ин суханҳои пурқимат баъдан дар марҳалаи нави созандагиву буёдкориҳои давлатамон ба ҳама аҳли ҷомеа равшану муайян гардид. Дар ин марҳалаи нави таърихӣ мо ба дастовардҳои бузург ноил гардидем, ки албатта, заминагузори асосии он Ваҳдати миллӣ аст.

Пешвои миллатамон ҷои дигар дар бораи арзиши баланди Ваҳдати миллӣ фармудаанд: «Расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз нахустин дастовардҳои таърихӣ ва арзиши муқаддаси оғози даврони истиқлол мебошад, ки танҳо бо майлу хоҳиши мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгарои тоҷик муяссар гардид, яъне ин дастоварди таърихӣ, пеш аз ҳама, хизмати бузурги халқи тоҷик аст. Ваҳдати ҷовидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монда, обрӯву эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмилалии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем».

Дар баробари самараҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, ки ҷумҳурии мо баъди даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ ба онҳо ноил гардид, ёдоварии чанд дастовардҳои фарҳангиву маънавиямон низ зарур аст, ки ба шарофати онҳо Тоҷикистони мо дар арсаи ҷаҳон шуҳратёртар ва соҳибномтар гардид. Маҳз дар ҳамин давра расму оин ва ҷашнҳои миллӣ, монанди Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон, мусиқиҳои Шашмақом, Фалак, атласу адрасу чакан аз нав эҳё гаштанд. Бо азму талошҳо ва дастгирию ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои фарҳангии Шашмақом, Фалак, ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон, Чакан, Оши палав ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри Саразми бостонӣ ва Боғи миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии созмони мазкур шомил гардиданд. Эътирофи мероси фарҳангию таърихии мо гувоҳи равшани тамаддунсозу фарҳангпарвар будани миллати тоҷик дар паҳнои олам аст.

Бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат моҳи сентябри соли 2020 5500-солагии ёдгории таърихии шаҳри қадимаи Саразм дар сатҳи олӣ таҷлил карда шуд. Ҳафриётҳои дар Саразм анҷомдода собит карданд, ки мо маданияти беш аз 5500-сола дорем. Ба ин васила мо бори дигар ҳамчун миллати қадиму асил аз тарафи муҳаққиқони ҷаҳонӣ эътироф гардидем ва худро ба аҳли башар дигарбора муаррифӣ намудем. Дар ин замина ҳар як фарди бедордилро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии сарзамини аҷдодиро натанҳо ҳифз намояд, балки онҳоро ободу бегазанд нигоҳ дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суханронии худ ҳатман доир ба ваҳдати миллӣ, аҳамияту муҳимияти он, ҳамдиливу якмаромӣ ва дигар мафҳумҳои муқаддас изҳори назар мекунанд ва такрор ба такрор таъкид менамоянд, ки мо бояд қадри ин неъматҳоро бидонем ва дар ҳама ҳолат ҳифзашон кунем.

Сарвари давлат, аз ҷумла, дар суханронии худ ин андешаро таъкид карда буданд: «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат (манзур ҷанги шаҳрвандӣ) муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Дар ин самт талошу шуҷоат, кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва музокира бо гурӯҳи мухолифин аз лавҳи хотирҳо ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳанд шуд. Қудрате, ки Худованд ба ин марди шуҷоъ, меҳрубону саховатпеша ва ватандӯст эҳдо кардааст, тааҷҷубовар мебошад. Ин марди шариф савганд ёд карда буданд, ки гурезаҳоро ба ватан бармегардонанд ва сулҳро дар ҷумҳурӣ барқарор менамоянд ва хушбахтона, аз рӯзҳои нахустини роҳбарияшон дар ин роҳ собитқадамона талош карда, гуфтаҳои худро амалӣ намуданд.

Пешвои миллат дар рӯзҳои аввал изҳор намуданд, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам» ва ба ин аҳдашон вафодор монданд.

Имрӯзҳо ҳангоми сафарҳои расмӣ шоҳиди ҳол гаштаам, ки Пешвои миллат дар вохӯриҳо бо сарони давлатҳо бо эҳтиром, самимияту муҳаббати хос дар бораи миллати тоҷик сухан намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани мамлакати азизамон, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволию муҳайё кардани шароити шоиста ба мардуми азизи ҷумҳуриамон чӣ қадару кушишу заҳматҳо менамоянд. Аз қудуми неки Пешвои миллат ба вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ ҳар як гӯшаю канори ҷумҳуриамон ободу зебо мегардад, мактабу корхона, китобхонаю кохҳою фарҳангию варзишӣ, иншоотҳои таъиноташон гуногун ба истифода дода мешаванд ва ба ин васила ҷойҳои нави корӣ зиёд мегардад.

Агар амиқ назар афканем, мебинем, ки баъди дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакатамон таҳаввулоти чашмрас ба вуҷуд омад. Бо баракати сулҳу ваҳдат ва хотирҷамъии мардум, роҳҳои бузург, иншооти муҳим дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон бунёд шудаанд. Агар имрӯзҳо ба шаҳру навоҳии Тоҷикистони азизамон назар кунем, ба кӯчаҳо иморатҳои зебои замонавии баландошёна ҳусни нав ва чеҳраи ботаровату тоза зам кардаанд. Ҳамаи ин самараи ваҳдати миллӣ аст ва бояд онро ба нархи ҷон ҳифз кунем.

Дар хақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона метавонем кор ва фаъолият намоем. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Ҳар гоҳе, ки аз назди боғҳои латифу зебои пойтахти азизамон мегузарем, манзараҳои руҳбахшеро мушоҳида мекунем. Мебинем, ки чи гуна тифлакони дӯстрӯ дар гулгаштҳо давутоз доранд, садои хандаи ширинашон дар фазо танинандоз аст ва ин ҳама аз хушбахтиву осудагӣ башорат медиҳад. Хушбахтона офтоби ваҳдату саодати миллати мо дар ҷумҳуриамон побарҷост ва орзу дорам, ки дар хонадони ҳар як сокини он шодиву нишот ҷовидона бошад.

Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
генерал-майори милитсия

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2024 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Тавоноии миллату давлат бо устувориву пойдории мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот пайванди ногусастанӣ дорад»
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Урумчии Чин бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ анҷом дод
«МО БО ШУМО ИФТИХОР МЕКУНЕМ!». Таҳти чунин унвон ҳайати гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо афсарону сарбозон вохӯрӣ намуд
Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» иқдоми зарурӣ ба саривақтӣ мебошад
Сарвари давлат: «Қаҳрамони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
МАРДУМИ ТОҶИК БА АМАЛҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АРҶ МЕГУЗОРАД. Андешаҳои директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳо дар ин маврид
САМАРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БУНЁДИ САДҲО МУАССИСАҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ! Маълумот дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
Намояндагони Тоҷикистон дар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон дар Узбекистон иштирок доранд
ПЕШВОИ ЯТИМПАРВАРИ МИЛЛАТ. Барои 50 нафар ятими кулл — сарбозони Артиши миллӣ саёҳат ба мавзеъҳои ҷолиби шаҳрҳои Ҳисор ва Душанбе ташкил гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Баъзе аз шаҳрвандон қоидаҳои бехатариву амниятро риоя намекунанд»
Ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии ҷавонони Узбекистон иштирок мекунанд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 26 то 28 июн дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст