Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуаро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 11, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

“Ба туфайли ҳамкории босамари Тоҷикистону Созмони Милал, бахусус бо Дафтари Шумо, ташаббусҳои мо дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдории васеъ пайдо карданд. Қабули даҳ қатъномаи марбут ба обу иқлим аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ тасдиқи ин гуфтаҳост”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни мулоқот масоили обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, оқибатҳои таъсири манфии он, ҳифзи муҳити зист ва боло бурдани иқтидори тавлиди “нерӯи сабз” мавриди муҳокима қарор доштанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз талошҳои Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти илм, технология ва инноватсия ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор пуштибонӣ менамояд.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омодагии худро изҳор доштанд.

Дар рафти мулоқот оид ба аҳаммияти қабули ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин, таъсиси “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” табодули андеша сурат гирифт.

Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа 11.06.2024

Июнь 11, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд