Сауд ибн Ҳаммуд Ал-Ҳабсӣ талошҳои Тоҷикистонро намунаи олӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва тағйирёбии иқлим арзёбӣ намуд

Июнь 13, 2024 15:27

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Талошҳои Тоҷикистон намунаи олӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбуот ба об ва тағйирёбии иқлим мебошанд. Ин матлабро Вазири кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Уммон, доктор Сауд ибн Ҳаммуд Ал-Ҳабсӣ баён намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 12 июн дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе  вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Уммон доир гардид.

Зимни мулоқот  мусоҳибон масоили ҳамкории давлатҳо дар соҳаи обро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин ҷонибҳо доир ба масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист ва норасоии оби ошомиданӣ табодули андеша намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 13, 2024 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд