Саёҳати матбуотии бомуваффақи хабарнигорони рӯзномаи «Жэнмин Жибао» дар пойтахти Тоҷикистон

Июнь 18, 2024 16:56

ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 16 июни соли 2024 гурӯҳи хабарнигорони рӯзномаи «Жэнмин Жибао» дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд. 14-15 июн хабарнигорони АМИТ «Ховар» ҳамкасбони худро аз рӯзномаи «Жэнмин Жибао» дар саёҳати матбуотӣ, ки дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳамроҳӣ карданд.

Гурӯҳи хабарнигорони рӯзномаи «Жэнмин Жибао» дар доираи саёҳати матбуотӣ нахуст ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм», воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев рафтанд. Дар ин беморхона шурӯъ аз 31 май то 16 июни соли 2024 зери шиори «Нури биноӣ — 2024» дар Тоҷикистон бо иштироки беҳтарин табибони чашм аз Ҷумҳурии Мардумии Чин корвони солимӣ гузаронида шуд.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм» Манижа Муъминова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор кард, ки агарчӣ иқдоми корвони солимӣ бо иштироки табибони ҳозиқи Чин маротибаи аввал дар «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм» баргузор шуда бошад ҳам, ҳайати табибону кормандони тиббии маркази мо тавонистанд дар ҳамкорӣ бо табибон аз Ҷумҳурии Мардуми Чин иқдоми мазкурро дар сатҳи баланд баргузор намоянд.

Дар ин раванд ҳам табибони тоҷик ва ҳам табибон аз Ҷумҳурии Мардумии Чини табодули таҷриба карданд, аз якдигар омӯхтанд ва ба ҳамин тартиб дар баробари расонидани ёрии тиббӣ ба беморони чашм ҳамчунин маҳорат ва малакаи касбии худро сайқал доданд. Давоми ду ҳафта табибони Ҷумҳури Мардумии Чин бештар аз 520 беморро ройгон ташхис карданд, табобат таъйин намуданд ва амалиёти ҷарроҳиии чашмро иҷро карданд.

«Дар ин муддат мо якдигарро хубтару беҳтар шинохтем, ки ин таҷриба заминаи хуб баҳри ҳамкории минбаъдаи кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Чин мебошад», — афзуд Манижа Муъминова.

Маркази ҳамкории байналмилалии назди Кумитаи давлатӣ оид ба тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ташаббускори баргузор намудани Корвони сиҳатии «Нури биноӣ — 2024» дар Тоҷикистон мебошад, ҳамчунин тасмим гирифт, ки табибони соҳибтахассус ва кормандони соҳибтаҷрибаи тоҷикро аз «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм» барои иштирок ба ҳамоиши байналмилалии табибони беморони чашм ба шаҳри Пекин даъват кунад. Ҳамоиши байналмилалии мазкур моҳи августи соли 2024 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин баргузор мегардад.

Зимнан, дар рафти саёҳати матбуотӣ ҳам хабарнигорони рӯзномаи «Жэнмин Жибао» ва ҳам хабарнигорони АМИТ «Ховар» шоҳид шуданд, ки чӣ тавр беморон бо чашмони хира ва нобино ба саҳни беморхонаи бемориҳои чашм бо такя ба фарзандону пайвандон ворид мешаванд ва рӯзи дигар бо чашмони бинову дили шод, бе кумаки фарзандону пайвандон бо пойи равону чашми бино беморхонаро тарк мекунанд.

Маълум карда шуд, ки дар ин муддат беш аз 500 бемор ҷарроҳӣ карда шуданд. Қариб ҳамаи ин беморон одамони касбу кори гуногун аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат буда, бештари онҳо синнашон аз 60 сола боло мебошад. Онҳо асосан аз бемории ба истилоҳи тиббӣ «катаракта» азият доштанд ва бо гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ аз ин дард шифо ёфтанд.

Ба хабарнигорони Тоҷикистону Чин иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Корвони сиҳатӣ бо иштироки табибони ҳар ду мамлакати дӯсту бародар машварати илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Зимни машварат байни мутахассисони Чин ва табибон — духтурони бемориҳои чашм аз Тоҷикистон дар мавзӯи бемориҳои чашм, намудҳои он, сабабҳо ва роҳҳои табобати чашм мубоҳисаҳо ва муколамаҳои муфид баргузор гардид. Аз ҷумла табибон оид ба таъсири боду ҳаво ва муҳити зист ба чашм ва сабабҳои сар задани бемориҳои чашм изҳори назар карданд. Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон бештар шахсони калонсол ба бемории катаракта гирифтор мешаванд ва онҳое ки ба Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм муроҷиат мекунанд, аксаран шахсони аз 60-65 то 80-85 сола мебошанд.

Мутаассифона, солҳои охир шумораи бемории чашм дар байни кӯдакону наврасон зиёд шудааст, ки ба ин раванд наметавон бетафовут буд. Балки мебояд иқрор шуд, ки яке аз сабабҳои зиёд шудани бемори чашм дар байни насли наврас истифодаи аз меъёр барзиёди гадҷетҳо, телефон ва дигар таҷҳизоти алоқаи мобилӣ мебошад.

Намояндаи Маркази ҳамкории байналмилалии назди Кумитаи давлатӣ оид ба тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Чжан Сяокоу зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» изҳор кард, ки вақте онҳо баргузор намудани Корвони солимиро дар Тоҷикистон таҳия мекарданд, мунтазир набуданд, ки ин иқдом дар баробари аз ҷониби беморон писандида шудан, ҳамчунин ба бештару хубтар гардидани муносибатҳои корӣ, илмӣ ва амаливу табобатии духтурони ду мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

Хабарнигорони рӯзномаи «Жэнмин Жибао» якҷоя бо ҳамкасбони худ аз АМИТ «Ховар» дар идомаи саёҳати матбуотӣ ба Донишкадаи Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рафтанд, бо фаъолияти Донишкадаи Конфутсий шинос шуда, бо Директори донишкадаи мазкур аз ҷониби Чин Сун Чин ва Директори Донишкадаи Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон Маҳина Имомзода суҳбат баргузор карданд.

Гурӯҳи хабарнигорони Тоҷикистону Чин ҳамчунин ба маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — Устохонаи Лубан дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ рафтанд ва ба фаъолияти ин маркази таълимоти касбӣ аз наздик шинос шуданд.


Саёҳати матбуотии якҷояи хабарнигорони АМИТ «Ховар» ва рӯзномаи «Жэнмин Жибао», ки дар сатҳи баланд баргузор гардид, баҳри таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакати дӯст дар мисоли кормандони воситаҳои ахбори омма нақши муҳим хоҳад дошт.

Хотиррасон мешавем, ки рӯзномаи «Жэнмин Жибао» дар як ҳафта панҷ маротиба бо беш аз 2 миллиону 800 ҳазор нусха ба забонҳои чинӣ, русӣ, англисӣ, ҷопонӣ, фаронсавӣ, испанӣ, арабӣ, қазоқӣ, тибетӣ ва дигар забонҳо нашр мешавад.

Рӯзномаи «Жэнмин Жибао» зиёда аз 1 ҳазор хабарнигор ва 70 намоядагӣ дар мамлакатҳои олам дорад.

 

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2024 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб гардид
Дар ноҳияи Данғара вохӯрии масъулин бо сокинон бо усули «Маҳал ба маҳал» ва «Деҳа ба деҳа» баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
ҲАР КАС БА ЗАБОНИ ХУД СУХАНДОН ГАРДАД. Китобҳо дар нигоҳ доштани забон нақши аввалияро мебозанд
Дар кӯчаҳои Хоруғ 150 қуттии муосир барои партовҷамъкунӣ гузошта шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд