Сел ба баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд хисорот расонидааст

Июнь 14, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд бар асари сели омада хисорот расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 11 июн бар асари боронҳои шадид аз теппаҳои атрофи деҳаи Сарвақти Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, ки дар байни марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ҷойгир аст, сел омад. Дар натиҷа 40 қитъаи наздиҳавлигӣ, 12 иншооти ёрирасон зери сангу рег ва обу лой монда, 7 километр роҳи деҳот баста шуд.

Ҳамчунин бар асари номусоидии ҳаво 12 июн дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сел ба иншооти ёрирасон зарар расонида, се қитъаи замини сокинон зери об монд.

Инчунин дар ин рӯз дар километри 477-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз ҳудуди деҳаи Хехаки Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мегузарад, сангрезӣ ба амал омад. Дар натиҷа ин қитъаи роҳ муваққатан баста шуд. Барои анҷоми корҳо барои рафъи оқибатҳои он техника ва кормандони хадамоти роҳи ноҳия ба ҷойи ҳодиса ҷалб карда шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, 14 июн дар навоҳии наздикӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани сели маҳаллӣ боқӣ мемонад.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид