Сел ба баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд хисорот расонидааст
ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд бар асари сели омада хисорот расидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 11 июн бар асари боронҳои шадид аз теппаҳои атрофи деҳаи Сарвақти Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, ки дар байни марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ҷойгир аст, сел омад. Дар натиҷа 40 қитъаи наздиҳавлигӣ, 12 иншооти ёрирасон зери сангу рег ва обу лой монда, 7 километр роҳи деҳот баста шуд.
Ҳамчунин бар асари номусоидии ҳаво 12 июн дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сел ба иншооти ёрирасон зарар расонида, се қитъаи замини сокинон зери об монд.
Инчунин дар ин рӯз дар километри 477-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз ҳудуди деҳаи Хехаки Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мегузарад, сангрезӣ ба амал омад. Дар натиҷа ин қитъаи роҳ муваққатан баста шуд. Барои анҷоми корҳо барои рафъи оқибатҳои он техника ва кормандони хадамоти роҳи ноҳия ба ҷойи ҳодиса ҷалб карда шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, 14 июн дар навоҳии наздикӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани сели маҳаллӣ боқӣ мемонад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Рӯшон таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
Дар нимсолаи якуми соли 2026 беш аз 40 баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи созиш ҳал гардид
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Вазорати адлия беш аз 17 ҳазор мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд






