Ширкати «IRS»: «Шумораи техникаҳои пойгоҳи техникӣ ба 228 адад расид»
ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба парки техникии ширкати «IRS» 10 адад техникаи нав — 3 трейлери пуриқтидор ва 7 нақлиёти махсусгардонишуда барои интиқоли масолеҳи барои нигоҳдории роҳ зарурӣ ворид карда шуд, ки дар умум шумораи техникаҳо ба 228 адад расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои маннбаъ, қаблан филиали ширкат барои бетаъхир бартараф кардани тармаҳо якчанд булдозер ва барои фавран интиқол додани онҳо трейлер харида буд. Таҷриба собит намуд, ки мавҷудияти трейлерҳо барои самаранокии фаъолият муфид мебошад. Аз ин лиҳоз барои ворид намудани 3 трейлери иловагӣтасмим гирифта шуд.
Дастрас намудани автомобилҳои боркаш низ барои боз ҳам беҳбуд бахшидани фаъолият, хоса дар самти интиқоли муназзами ашё ва масолеҳи сохтмонии дар нигоҳдории роҳ муҳим такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Пойгоҳи техникии филиали ширкат аз ҳисоби мунтазам ворид гардидани техникаву механизмҳои замонавӣ қавӣ буда, вуруди техникаҳои нав онро пурқувваттар намуд. Ин иқдом минбаъд низ идома ёфта, то анҷоми сол вуруди техникаву механизмҳо дигар низ дар назар аст.
АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






