«ШОҲНОМА ВАТАН АСТ!». Дар Ҳисор маҳфил-озмуни «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид

Июнь 6, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 06.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳр таҳти унвони «Шоҳнома Ватан аст!» даври дуюми маҳфил-озмуни «Шоҳномахонӣ»  баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ва  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Шоҳнома Ватан аст!»  маҳфил – озмуни «Шоҳномахонӣ» доир намуд.

Ҳадафи маҳфил-озмун амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба илму донишомӯзӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ ва парвариши инсони комил, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ифтихори ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми мамлакат дар давраи ихтилофоти сиёсӣ дар замони муосир, анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва пешгирии афкори ифротгароӣ дар байни ҷавонон маҳсуб мешавад.

Иқдоми беназир ва таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба интишор ва ба ҳамаи оилаҳо тақсим намудани асари оламшумули ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» қадами навбатӣ дар роҳи худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад. Ҳарчанд «Шоҳнома» то ин замон низ дар байни мардуми фарҳангсолори тоҷик зиндаву ҷовид буд, вале ба ҳар хонадон тақдим гардидани он аз ҷониби Роҳбари давлат, қабл аз ҳама, ҳисси ватандӯстии мардумро зиёда мегардонад.

Даври аввали маҳфил-озмун дар муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷу литсейҳои шаҳри Ҳисор бо фарогирии 1458 донишҷӯю хонанда баргузор карда шуда, 207 ғолиб барои иштирок дар даври дуюм роҳхат гирифт.

Даври шаҳрии маҳфил – озмун дар толори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Ҳисор бо иштироки 207 ғолиби даври якум гузаронида шуд.

Дар натиҷа 38 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр ва коллеҷу литсейҳои шаҳр дар номинатсияҳои гуногуни маҳфил-озмун ғолиб гардиданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

 

Июнь 6, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд