«СУҒД-2024». Дар ин ярмаркаи байналмилалӣ 500 нафар меҳмон аз дохил ва хориҷи Тоҷикистон иштирок менамояд

Июнь 18, 2024 11:01

ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/.  18-19 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд 10-умин Ярмаркаи  байналмилалии савдо «Суғд-2024» баргузор мешавад, ки дар он беш аз 500 меҳмон аз дохил ва хориҷи мамлакат иштирок менамояд. Дар ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, айни замон сафирон ва намояндагони корпусҳои дипломатии Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон,  Русия, Озарбойҷон, Беларус, Туркманистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Эрон, Словакия, Лаҳистон ва Покистон ба вилоят ташриф овардаанд.

Ҳамзамон роҳбарият ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати вилоятҳои Нижегород, Москва, Свердловск, Пенза, Липетск, Челябинск ва Воронежи Федератсияи Русия, шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон, вилоятҳои Тошканд, Намангон, Фарғона, Самарқанд, Бухоро, Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон, музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ низ дар ин ярмаркаи байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Меҳмонони баландмақом ва доираҳои тиҷоратии ин мамлакатҳо давоми рӯзи 18 июн дар маросими ифтитоҳи даҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» ва  Форуми «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ»  иштирок мекунанд.

Ҳадафи ярмаркаи мазкур дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 18, 2024 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа