«СУРУДҲОИ МОНДАГОР». Дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 7 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои бахшида ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҳти унвони «Сурудҳои мондагор» барномаи фарҳангӣ доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.
Барномаи фарҳангӣ дар доираи намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ ва конфронси байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз 5 то 8 июн мегузарад, пешниҳод гардид.
Тавре дар ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ таъкид гардид, эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун маснади суханофарини базми ишқ ба дараҷае воло ва шӯри каломи ҷонофаринаш он қадар сеҳрангез аст, ки номаш мояи орзу ва шеъраш боиси базму тараб будааст. Чакидаҳои қалами сеҳрнигори Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ шуҳрат ва аҳамияти ҷаҳонии адабиёти тоҷикро боз ҳам афзунтар ва ангезаҳои тамаддуни башарро боз ҳам рангинтару ғанитар гардонидаанд. Ҷалолуддини Румӣ аз нобиғагони назми классикии тоҷик буда, дар эҷоди суханварӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 июн конференсияи байналмилалии «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва саҳми ӯ дар густариши фарҳанги ҷаҳонӣ» оғоз гардид, ки то 8 июн идома меёбад. Ҳадаф аз баргузории конференсияи байналмилалӣ- пос доштани хотираи Мавлонои Балхӣ ва эътирофи саҳми безаволи ӯ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ буда, дар он олимону донишмандон аз тамоми гӯшаи канори олам ҷамъ омадаанд.
Ёдовар мешавем, ки 5 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ низ ифтитоҳ гардид, ки то ҷамъбасти конференсия идома меёбад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон










Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






