ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 июн, душанбе, 161-умин рӯзи соли 2024

Июнь 10, 2024 08:00

10 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти Сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки сармоягузории Аврупо ташриф оварда, бо Президенти он Филипп Мейштадт мулоқот намуданд. Дар ҷараёни суҳбат иброз гардид, ки  Бонки сармоягузории Аврупо омода аст барои рушди босуръати иқтисоди миллии Тоҷикистон кумак намояд. 

***

10 июни соли 2013 дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» баррасӣ шуд.

***

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Латвия баргузор гардид. Дар  маросими ифтитоҳи расмии  он  Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сухан карданд.

***

10 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Соли 2019 дар остонаи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе  китоби «Тоҷикистон  ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ», ки дар доираи ҳамкории муштараки  донишмандони тоҷику  чин нашр гардидааст, бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии   Тоҷикистон дар Душанбе муаррифӣ гардид.

*** 

Соли 2020  дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 шаҳрванди боқимондаи Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии COVID-19 дар Давлати Кувайт дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт ба Душанбе баргардонида шуданд.

*** 

Соли 2021  дар толори сафеди Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ — бинои Мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ва Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Узбекистон» бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдоми саховатмандонаи сарони давлатҳо аз тарафи Ҳукуматҳои ду ҷумҳурӣ  бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

10 июни соли 2022 дар Қасри Таврический- қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Форуми байнипарлумонии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия  таҳти унвони «Парламенти ҷавон – назаре ба ояндаи Иттиҳод» баргузор гардид.  Дар радифи дигар кишварҳои пешрафта   дар ҳамоиш як зумра ҷавонони лаёқатманди  Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

10 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

Дар Молдава — Рӯзи сарҳадчиён.

***

Дар Урдун — Рӯзи артиш.

***

Дар Ҷопон — Рӯзи соат.

Июнь 10, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш