ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 июн, сешанбе, 163-юмин рӯзи соли 2024

Июнь 11, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2009 дар шаҳри Душанбе 4-умин намоиш — ярмаркаи байналмилалии саноати сабук «ИнтерЛегПром-2009» доир шуд.

***

11 июни соли 2009 дар шаҳри Тошканд-пойтахти Узбекистон ҷаласаи навбатии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти фахрии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ интихоб гардиданд.

***

Соли 2014 таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор баргузор шуд. Аъзои Кумитаи тадорукот дар ин ноҳия бо  корҳои омодагӣ ба ин санаи таърихӣ ва сохтмону навсозии якчанд  иншооти муҳими ҷашнӣ шинос шуданд.

***

11 июни соли 2014  Бонки ҷаҳонӣ стратегияи нави ҳамкории худро бо Тоҷикистон ба тасвиб расонид.

***

Соли 2017 саноатчиёни тоҷик иди касбиашонро таҷлил намуданд.  Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи июн дар Тоҷикистон саноатчиёни тоҷик иди касбии худро таҷлил менамоянд, ки  соли  2017 он   ба 11 июн рост  омад.  Бояд гуфт, ки саноати сабук  яке аз бахшҳои муҳими рушди иқтисодиёти ҳар давлат  маҳсуб шуда, соҳаҳои нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чармгарӣ, пойафзолдӯзӣ,  инчунин истеҳсоли чармҳои сунъӣ ва дигар наху матоъҳои сунъиро дар бар мегирад.

***

7 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.  Дар мулоқот барои саҳмгузории муштарак дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳия ва қабул шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

***

11 июни соли 2019  дар шаҳри Душанбе  маросими рӯнамоии китоби Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ», ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст, баргузор  гардид.

***

11 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мавзеи Баҳри Тоҷик, ки обанбори Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба ҳисоб маравад, шинос шуданд.

***

Дар ин рўзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Қасри таърихии Арбоб бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

***

Аз 7 то 11 июни соли 2021 бо ташаббуси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато ва бо мусоидати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии давраи омӯзишӣ барои таҳия ва такмили нақшаи идоракунии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ва Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО баргузор гардид.

11 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Непал — Рӯзи шоҳ.

***

Дар Фаронса — Рӯзи падар.

***

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Рӯзи ваҳдати миллӣ.

Июнь 11, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст