ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июн, чоршанбе, 171-умин рӯзи соли 2024

Июнь 19, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1962 аввалин Анҷумани зиёиёни Тоҷикистон баргузор гардидааст.

***

22 сол пеш, 19 июни соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.

***

11  сол қабл, 19 июни соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои хизматрасонии «ТОҶ СИТӢ» ифтитоҳ гардид.

***

Соли 2013  вакилони Маҷлиси намояндагон  лоиҳаи «Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе — «Шаҳри бехатар»-ро баррасӣ намуданд. Мавриди ёдоварист, ки ин санад зимни сафари расмии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар моҳи майи соли 2013 ба имзо расидааст.

***

19 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор шуд.

***

19  июни соли  2014  дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ва Форуми ҷавонон таҳти унвони «Ташаббусҳои ихтиёриён» оғоз гардид. Дар он доираи васеи меҳмонон аз Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Русия ва дигар мамлакатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай  иштирок намуданд.

***

Соли 2017  дар мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  ҳайати Шурои директорони Бонки осиёии рушд  ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва ин бонк мавриди баррасӣ қарор гирифта, иброз гардид, ки давоми 20 соли охир аз ҷониби бонки мазкур соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуда, Бонки осиёии рушд ба калонтарин шарики рушди мамлакат табдил ёфтааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку» маросими супоридани «Медали Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.

19 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД: 

Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакона.

***

Дар Кувайт иди умумимиллӣ — Рӯзи истиқлолият

Июнь 19, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст