ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 июн, ҷумъа, 173-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Иштирокдорон бо як овоз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Бразилия Дилма Русефро ҳамраиси конфронс интихоб намуданд.
***
21 июни соли 2012 масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду муассисаҳои сершумори он муҳокима гардиданд.
***
11 сол қабл, 21 июни соли 2013 мувофиқи қатъномаи Сессияи 37-уми Комитети Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пном-Пени пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа аввалин номинатсияи табиии ҷумҳурӣ «Парки миллии Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Бо намояндагӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ вазири вақтии фарҳанги Тоҷикистон, раиси Коммиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО аҳли сессияро барои дастгирии давлати мо самимона сипосгузорӣ намуд.
***
21 июни соли 2013 дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, мавзуъҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои он ва раёсати ояндаи Тоҷикистон баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри «Аҳорун» номгузорӣ шуд.
***
8 сол қабл, 21 июни соли 2016 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бузургтарин Маркази тиҷоратӣ — «Душанбе мол» ба истифода дода шуд.
***
21 июни соли 2017 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ин мамлакат Улуғбек Розуқулов мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, ба роҳ мондани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбеву Тошканд, таъсиси «Хонаи савдо» — и Душанбе дар шаҳри Тошканд ва «Хонаи савдо»-и Тошканд дар Душанбе мароқ зоҳир намуданд.
***
21 июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд-2019» ифтитоҳ гардид, ки дар кори он намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, давлатҳои Арабистони Саудӣ, Туркия, Чин, Афғонистон, ҳамчунин соҳибкорону ҳунармандон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе низ иштирок намуданд. Дар доираи баргузории ярмаркаи мазкур Форуми якумини ҳунармандон низ доир гардид.
***
Соли 2020 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки шоми 20 июн, баъд аз 30 соли таваққуф нахустин қатораи мусофирбар аз шаҳри Душанбе ба самти Тошканд равона гардид. Дар маросими ифтитоҳи хатсайри қатораи мусофирбар дар масири Душанбе-Тошканд-Душанбе Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Роҳандозии ҳаракати қатораҳои мусофирбар дар масири Тоҷикистон ва Узбекистон натиҷаи саъю талошҳои Сарварони ҳар ду давлати ҳамсоя муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев мебошад.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Bloomberg» хабар дод, ки обшавии пиряхҳо дар қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш дар Ҳимолой ба 2 миллиард аҳолии минтақаҳои Осиё таҳдид дорад.
21 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи байналмилалии йога.
***
Рӯзи ҷаҳонии варзиши скейтбординг.
***
Дар Русия — Рӯзи кинологҳо.
***
Дар Дания ва Гренландия — Рӯзи миллӣ.