ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, чоршанбе, 329-умин рӯзи соли 2026 аст
25 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар бӯстонсароии шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, суханронӣ намуданд.
***
25 ноябри соли 2014 Президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омад.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотири шаҳидони ҷангро пос доштанд.
***
25 ноябри соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок ва суханронӣ намуданд.
25 НОЯБР:
Дар Индонезия – Рӯзи омӯзгор.
***
Дар Ҷумҳурии Суринам-Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
25 ноябри соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро муҳокима намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» ба имзо расиданд.
***
25 ноябри соли 2019 таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Конфренсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки сарояндаи 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар 5-умин мавсими ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1667 бар асари заминларза дар шаҳри Шамахии Озарбойҷон 80 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
***
Соли 1867 Алфред Нобел моддаи тарканда- динамитро ихтироъ кард.
***
Соли 1915 Алберт Эйнштейн тафсилоти пурраи математикии назарияи умумии нисбиятро ба нашр расонд.
***
Соли 1967 Кипр ба Созмони Милали Муттаҳид бо дархосте муроҷиат кард, ки ба ҷазира зада даромадани Туркияро роҳ надиҳанд.
***
Соли 1996 Созмони Милали Муттаҳид ба Ироқ барои фурӯхтани нафт бар ивази маводи озуқаворӣ иҷозат дод.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, сешанбе, 328-умин рӯзи соли 2026 аст






