ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 июн, ҷумъа, 158-умин рӯзи соли 2024

Июнь 7, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ша Тсу Канро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили об ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамгироии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар самту соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвари мо оид ба масоили об ва Ҳадафҳои рушди ҳазорсола баррасӣ гардид.

***

12 сол пеш, 7 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» Франсис Лорензоро ба ҳузур пазируфтанд. Мавзуи асосии суҳбат бо Президенти созмони «Саус-Саус Нюс»  ҳамкорӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола буд.

***

Соли 2016  дар вохӯрии ҷавобии плей-оффи Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки  финали он дар Амороти Муттаҳидаи Араб гузашт,  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Бангбаҳанду»-и шаҳри Дакка соҳибони майдон- дастаи мунтахаби Бангладешро бо натиҷаи 1:0 мағлуб кард. Ягона голро дар дақиқаи 8 Аҳтам Назаров ба ҳадаф расонд

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими  анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.

***

Соли 2019 дар шаҳрҳои Тошканд ва Хоразми Ҷумҳурии Узбекистон нахустин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ  баргузор шуд. Дар фестивал асарҳои  композитори ҷавони тоҷик Зафар Турдалиев «Консертино барои оркестри калони симфонӣ», «Валс – фантазия барои оркестри калони симфонӣ» ва достони симфонии «Ҳулбук»  муаррифӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ба корҳои сохтмони Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия оғоз бахшида шуд.

***

7 июни соли 2021  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун- Обигарм-Нуробод шинос гардиданд.  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо ҷараёни татбиқи лоиҳа  дар ҳамин ҷо  бо бардоштани парда аз болои санги рамзӣ ба корҳои сохтмони роҳи мошингарди Роғун — Обигарм — Нуробод расман оғоз бахшиданд.

***

7 июни соли 2022  дар пойтахти Тоҷикистон -шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» оғоз гардид.

7 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Норвегия иди умумимиллӣ — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Испания — Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Перу — Рӯзи парчам.

Июнь 7, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш