Ташаббусҳои Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро барои муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳалли он муттаҳид менамоянд

Июнь 11, 2024 10:21

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи «Раванди оби Душанбе» давоми ду даҳсола кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ва  молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро барои муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳалли он муттаҳид менамоянд. Дар ин хусус имрӯз Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иброз доштанд.

Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки моҳи марти соли 2023 ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди баргузории Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд гардид, ки он дар рӯзномаи ҷаҳонии об саҳифаи нав боз кард.

«Конфронси мазкур барои дарки моҳият ва муҳиммияти об дар рушди устувор ва зарурати амалҳои муассиру таъхирнопазир дар ин соҳаи ҳаётан муҳим таҳаввулоти ҷиддӣ ба бор овард, — таъкид намуданд Президенти мамлакат. — Яъне, мо ҳама якҷо тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзуи бағоят муҳим муттаҳид созем».

Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки амалу иқдоми имрӯзаи мо барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самт муайянгардида ҳоло ҳам кофӣ нест, зеро хавфу таҳдидҳои муосир нисбатан босуръат ва пуртаъсир гардидаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд