«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗ МАН». Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ то охири моҳ ҷамъбаст мегардад

Июнь 7, 2024 09:36

ДУШАНБЕ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 25 июни имсол дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат  даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.

Даври дуюми озмун дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 10 то 15 июн бо иштироки 751 нафар, дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз 17 то 23 июн бо иштироки 1388 нафар, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз 17 то 22 июн бо иштироки  1461 нафар,   дар шаҳри Душанбе аз 20 то 25 июн бо иштироки 603 нафар  ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 17 то 20 июн (дар шаҳри Ҳисор, аз 23-25 июн дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт)   бо иштироки  1099 нафар доир мегардад.

Бояд гуфт, ки дар даври якуми озмун 5302 довталаб иштирок намуданд, ки аз он 2755 иштирокчӣ ба даври дуюм роххат гирифтанд. Таҳлилҳои ҷамъбасти даври якум нишон медиҳанд, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  860 нафар зиёд аст.

Тавре дар Низомномаи озмун омадааст:

«Озмун дар се давр гузаронида мешавад:

— даври якум — моҳи апрели соли 2024 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;

— даври дуюм — моҳи июни соли 2024 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— даври сеюм — нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад».

Ёдовар мешавем, ки озмун дар байни гурӯҳҳои зерин:    хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин коллеҷи санъат, коллеҷи рассомӣ ва муассисаҳои олии касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ (минбаъд – гурӯҳи касбӣ); хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайрисоҳавӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, намояндагони касбу кори гуногуни ғайрисоҳавӣ (минбаъд – гурӯҳи ҳаваскорон) ва   шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ё фаъолият доранд, доир мегардад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2024 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид