ТОҶИКИСТОНУ ЧИН – ШАРИКОНИ СТРАТЕГӢ. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Июнь 22, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони муассисаҳои илмии Тоҷикистону Чин Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин – шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Пеш аз оғози конференсия меҳмонон намоишгоҳи дастнависҳои хаттии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро тамошо карда, таассуроташонро доир ба фарҳангу осори шоирону мутафаккирони барҷастаи тоҷик иброз намуданд.

Дар конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода гуфт, ки «солҳои охир дар заминаи иртиботи шахсӣ ва муносибатҳои дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин эътимоди сиёсӣ ва ҳамкории мутақобила байни ҳарду давлат ба сатҳи бесобиқа олӣ расидаанд. Мо бояд ин муносибатҳои дӯстонаро густариш дода, дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ натиҷаҳои назаррасро ба даст орем. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супориш доданд, бояд раванди ҳамкории илмию таҳқиқотӣ, доир намудани конфронсу форумҳои илмию назариявӣ, ҳамчунин омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷику чинӣ, тақвияти бештар ёбад ».

Ноиби президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Чжен Чжан Мин барои баргузор намудани чунин конференсияи сатҳи байналмилалӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мо дар ҳама ҳолат омода ҳастем ҳамкории илмии худро бо муассисаҳои илмии Тоҷикистон дар низоми сифтан нав ва дар доираи созишномаҳои имзогардида густариш дода, дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ таҳқиқоти илмиро тақвият бахшем.

Дар конференсия аз ду ҷониб дар мавзуи мавриди назар маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 28 апрели соли 2019 дар шаҳри Пекин дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалӣ «Як камарбанд, як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ташриф оварда, бо роҳбарият ва аъзои он мулоқот намуданд. Нахуст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сие Фучжан мулоқот карданд.

Пешвои миллат аз нашри китоби пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва рӯнамоии он дар Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷиҳати муаррифии боз ҳам бештари давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик қаноатмандӣ намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 22, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст
Имсол дар Тоҷикистон Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 6 агентии иттиллоотӣ, аз инҳо 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият дорад
Дар Бадахшон бо иштироки ҳайати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ доир шуд
«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми ин озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр баргузор мешавад
Ҳайати котиботи номинатсияи фаромиллии Роҳи абрешим: Долони Фарғона — Сирдарё бо ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории Суғд шинос мегардад
Олимони Чин бо фаъолияти расадхонаҳои Тоҷикистон шинос шуданд
Вобаста ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир гардид