То Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият дошта, шумораи онҳо имрӯз ба беш аз 4 ҳазор расидааст
ДУШАНБЕ, 16.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон беш аз чор ҳазор масҷид фаъолият дорад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон иттилоъ доданд.
«Ҳоло дар кишвари мо беш аз чор ҳазор масҷид дар хизмати намозгузорон қарор дорад, яъне ба 2000 – 2500 нафар як масҷид рост меояд», — таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Дар идомаи ин гуфтаҳо Пешвои миллат мисол оварданд, ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 – 3,5 ҳазор ва дар мамолики дигари ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазорро ташкил медиҳад.
Дар 70 соли замони гузашта, ба таъкиди Сарвари давлат, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият дошт.
Дар иртибот ба зиёрати хонаи Худо рафтани муъминон дар арафаи иди Қурбон Президенти мамлакат тазаккур доданд, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо дар асоси Конститутсия ба шаҳрвандон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин кафолат дода шудааст ва давлату Ҳукумати мамлакат онро ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз ва таъмин менамояд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд






