ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ БУЗУРГИ ВАТАНДОРӢ. Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд

Июнь 25, 2024 19:20

ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамоиши  илмӣ  таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — мактаби бузурги ватандорӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хабар доданд.

Иштирокдорони ҳамоиш  оид ба қаҳрамонию корнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳи тоҷикон  ибрози андеша намуда, аз ҷумла,  иброз доштанд, ки  дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ, истеҳкоми аркони давлатдории навини мо нақши роҳбари оқилу тавоно ва сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо барҷаставу мондагор аст.

«Таърих гувоҳ аст, ки  Пешвои миллат  аз лаҳзаҳои аввали ба саҳнаи сиёсат ворид шуданашон сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, давлату миллатро аз эҳтимоли нобудӣ наҷот бахшиданд. Дар навбати аввал  Сарвари давлат барои бунёди роҳу пул, нақбҳо  талош намуданд, то  миллати  мо байни ҳамдигар дар рафту омад бошанду   Тоҷикстони ба  мамлакати воҳид табдил ёбад. Ва чунин ҳам шуд. Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда, баҳри фардои дурахшони Ватан  дар ҳамбастагӣ заҳмат мекашанд»,- таъкид гардид дар ҳамоиш.

Гуфта шуд, ки Пешвои миллат тамоми қувваю дониш ва иродаю имконияти хешро барои таъмини ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва шурӯи музокирот равона сохтанд.

Таъкид гардид, ки барои мо,  вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мояи ифтихор аст, ки бо чунин шахсияти таърихӣ Пешвои муаззами миллат паҳлу ба паҳлу фаъолият карда истодаем. Чунин бахти баланд на ба ҳама муяссар мегардад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ваҳдати миллиро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2024 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд