ВАҲДАТИ МОДАРОН — САОДАТИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон дар Рашт бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ифтихори 27 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 — солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдати модарон — саодати Тоҷикистон» конфронс баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки фазои сулҳу суботи комил ва пешрафти босаодати ҷомеа ба ин сана иртиботи қавӣ дорад. Зеро ваҳдату якдилӣ ва эҳсоси ватандӯстии сокинони мамлакат пойдевори мустаҳками истиқлоли давлат буда, моро водор месозад, ки барои ҳифзи ин арзишҳои муқаддас ҳамаҷониба талош намоем.
Гуфта шуд, ки маърифат ва хиради азалии занон баҳри таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ василаи муҳим маҳсуб меёбад.
Иброз гардид, ки дар доираи 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои муҳими ҳизбӣ доир гардида, баҳри таблиғи ғояҳои созандаи он шароити созгор фароҳам оварда шудааст.
Тазаккур дода шуд, ки нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир мебошад. Ҳамзамон рушду пешрафт ва муваффақиятҳои ҳар як миллат ва давлат аз муттаҳидӣ, ягонагии он вобастагии зич дорад.
Дар анҷоми конфронс барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тақвияти эҳсоси худогоҳиву хештаншиносӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ занони фаъоли минтақаи Рашт бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон











ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






