Вазири энергетика ва захираҳои об: «Тоҷикистон ба барномаҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи об сармоягузорӣ менамояд»

Июнь 12, 2024 17:40

 ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳамкории байнисоҳавӣ ва фаромарзии об кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Дар сиёсат ва идоракунии об мамлакат принсипҳои идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои обро пазируфта, ба ҳамкории бахшҳои калидӣ, аз қабили кишоварзӣ, энергетика ва муҳити зист барои таъмини истифодаи устувори об барои ҳама диққати махсус медиҳад. Ин матлабро имрӯз Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни муколамаи интерактивии «Об барои ҳамкорӣ: ҳамкории фаромарзӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об, ҳамкории байнисоҳавӣ, аз ҷумла ҳамкории илмӣ ва захираҳои об дар заминаи Рӯзнома барои давраи то соли 2030» баён намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Далер Ҷумъа иброз намуд, ки «Тоҷикистон ба барномаҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи об сармоягузорӣ намуда, малакаи касбии онҳоро дар соҳаи идоракунии захираҳои об ва ҳамкорӣ баланд мебардорад».

«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мекунад, ки сармоягузорӣ ба таҳқиқот ва ҳалли инноватсионӣ метавонад мушкилоти марбут ба обро самаранок ҳал кунад», — афзуд Далер Ҷумъа.

Дар муколамаи интерактивӣ Вазири обтаъминкунӣ ва санитарияи Ҷумҳурии Сенегал Шайх  Тидиан Диа, Роҳбари бахши захираҳои оби Агентии Швейтсария барои ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд Саймон Збинден, намояндагону коршиносони мамлакатҳо ва ташкилоти хориҷӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  имрӯз дар «Кохи Сомон»  Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» идома ёфта, дар ҷаласаи пленарии конфронс муколамаҳои интерактивӣ дар мавзуъҳои  «Об барои иқлим, устуворӣ ва муҳити зист: аз сарчашма то баҳр, биогуногунӣ, иқлим, устуворӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ», «Даҳсолаи амал оид ба об: суръат бахшидан ба иҷрои ҳадафҳои даҳсола, аз ҷумла тавассути нақшаи амали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид» ва  чорабиниҳои канорӣ баргузор шуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар Ҳисор ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба маблағи 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
«Тоҷиктелеком» ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шуд
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд
Дар Душанбе беш аз 7 ҳазор қуттӣ сигори бе тамғаи аксизӣ ошкор гардид
Дар ноҳияи Муъминобод кишти такрорӣ идома дорад
Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35 — шарики боэътимоди сол» ҷамъбаст гардид
‎Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ густариш медиҳанд
17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд