Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори генералии ширкати «ANT Group Process Technologies»-и Туркия вохӯрӣ намуд

Июнь 26, 2024 19:49

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори генералии ширкати «ANT Group Process Technologies»-и Ҷумҳурии Туркия Озҷан Бутун баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ Завқӣ Завқизода имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ, самтҳо ва соҳаҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои андозиву маъмурӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба ширкати «ANT Group Process Technologies»-ро  муаррифӣ намуд.

Дар навбати худ Директори генералии ширкати «ANT Group Process Technologies» Озҷан Бутун омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва фармасевтӣ бо маблағи зиёда аз 600 миллион евро дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» изҳор намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2024 19:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд