35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Сино майдончаи варзишӣ баъди навсозӣ ба истифода дода шуд

Июль 8, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» баъди таъмиру навсозӣ майдончаи варзишии ҷавобгӯ ба талаботи замон ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Дар майдончаи варзишӣ корҳо бо сифати баланд иҷро шуда, масоҳати умумии қитъаи замини он 3500 метри мураббаъ ва масоҳати умумии сохтмон 2084 метри мураббаъро ташкил менамояд. Майдонча бо нишастгоҳ барои 500 нафар ва бо беҳтарин шароиту имкониятҳои тамрин барои бозиҳои футбол дар масоҳати 840 метри мураббаъ, варзиши сабук (давидан) дар масоҳати 470 метри мураббаъ ва волейбол пешбинӣ гардидааст.

Бо бунёди ин ва дигар иншооти варзишӣ, дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт дар баробари фароҳам омадани шароити арзандаи истироҳату фароғати сокинон, тамрину ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон, бозию дилхӯшии кӯдакон гӯшаҳои гуногуни пойтахт ободу зебо мегардад, ки ин аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мутобиқ намудани пойтахти мамлакат ба меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ мебошад.

Инчунин бунёди иншооти варзишӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш заминаи устувор мегузорад.

Шуруъ аз соли 2013 «Амонатбонк» дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Синои пойтахт 5 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода додааст, инчунин майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби бонк мунтазам тармиму таҷдид мегарданд.

АКС: КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Июль 8, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст